Тоҷикистон кишваре мебошад, ки таърихи ниҳоят куҳан ва фарҳанги ғанӣ дошта, анъанаву расму оинҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми он нақши муҳим мебозанд. Ин анъанаҳо, ки аз насл ба насл мегузаранд, баёнгари ҳувияти миллӣ, арзишҳои динию ахлоқӣ, худшиносӣ ва муаррифгари ҷаҳонбинии мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ будани ҷашнҳо ва расму оинҳои ин миллат мебошанд.
Дар баробари аҳаммияти бузурги фарҳангӣ доштан, бо мурури замон баъзе анъанаву маросимҳо бо тамоюлҳои манфӣ, аз қабили исрофкорӣ, рақобати носолим ва баъзан, ҳатто хурофотпарастӣ олуда шуда буданд. Масалан, гузаронидани туйҳои бошукӯҳ ва гаронбаҳо, хароҷоти беҳуда ва беасос дар маъракаҳои азодорӣ ба мисли «серӯзагӣ», «ҳафтрӯзагӣ», «оши чил», «оши сол», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ» ва ғ., ки мардум барои худ ин корҳоро ҳамчун анъана қабул карда буданд ва тибқи аҳкоми исломӣ ягон хайру савоб дар онҳо дида намешуд, аз имконияти молии аксарияти мардум берун буданд, бори гарони иқтисодиро ба дӯши оилаҳо гузошта, барои раҳоӣ ёфтани онҳо аз сатҳи фақру қашшоқӣ ва зиллат монеаи ҷиддӣ гашта буданд.
Бо дарназардошти аҳаммияти мавзуъ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як масъалаи муҳимми давлатӣ табдил ёфта, барои пешгирӣ аз исрофкориҳои бемаънӣ ва маъракаҳои серхарҷ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар ин росто зарурати батанзимдарории чунин ҷашну марсоимҳо ба миён омад, ки соли 2007 бо ибтикори Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, бо гузашти 10 сол (соли 2017) он бо таҳриру иловаҳои сершумор аз нав тасдиқ гардид. Бо қабул гаштани қонун ҷашну маросимҳо ба танзим дароварда шуда, масрафҳои беҳуда ва беасоси мардум барҳам зада, вазъи иқтисодию иҷтимоии оилаҳо боло рафтан гирифт ва тафовутҳои иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ коҳиш ёфт.
Дар радифи амалишавии чорабиниҳои ҳукумат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбату вохӯриҳои худ бо сокинон ва мақамоти гуногуни давлатӣ ба сарфаю сариштакорӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва неъматҳои моддию фарҳангӣ, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ, илмомӯзии ҷавонону наврасон мардуми шарифи Тоҷикистонро ташвиқ менамоянд.
Санаи 9-уми марти соли 2024 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин суханронӣ намуда, аз вазъи боло рафтани, хурофотпарастӣ, ифротгароии чавонон, барзиёдхарҷии мардум дар бахши ҳаҷҷи умра ва дигар масъалаҳои доғи рӯз изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар масъулинро барои бартарафсозии чунин падидаҳои номатлуб даъват намуданд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”чӣ қадар сабукӣ овард, чӣ одатҳои барои мардум мушкилро аз байн бурд, зиндагии чӣ қадар оилаҳо беҳтар шуд ва чӣ қадар ақди никоҳ зиёд шуд, ба ҳамагон маълум мебошад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат қайд намуданд, ки асли дини мубини ислом ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ аз таъмин намудани шароити беҳтарини зиндагӣ барои худ ва аҳли оила, аз ҷумла фарзандонамон, ки атокарда ва амонати Парвардигор назди мо мебошанд, муҳайё кардани имкониятҳои хуби таҳсил барои онҳо, ки худшиносу худошинос ба воя расанд, ободу зебо кардани хонаву кошонаи худамон ва маҳалли зистамон иборат асту халос.
Пешвои муаззами миллат дар асоси оятҳои Китоби Қуръони бузург, хадисҳо ва суннатҳои Паёмбари ислом (Муҳаммад с.с), суханҳои бузургони гузаштаи ислом ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид намуданд, ки аз асли хеш берун наоянд, барзиёдхарҷиро дар зиндагӣ барҳам зананд, ба хотири шуҳратпарстӣ корҳои риёкоронаро ба одати маъмулӣ ва мусобиқа табдил надиҳанд.
Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.
Хуллас, дар натиҷаи ба танзим дароварданианъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат ва худи аҳолии кишварамон чунин натиҷаҳо барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳосил гардид:
– хароҷоти беҳуда дар тӯйҳо, маросимҳои азодорӣ ва дигар маъракаҳо маҳдуд ва барҳам зада шуд.
– миллати тоҷик барои нигоҳдории ҷанбаҳои аслии фарҳангӣ ва анъанаҳои нек ҳидоят ёфт.
– бо роҳи баробарсозии шароит барои гузаронидани маросимҳо коҳиши тафовутҳои иҷтимоӣ ба даст омад.
– қонуни танзими анъана ва ҷашну марсоимҳо ба мутобиқгардонии анъанаҳо ба шароити муосир ва талаботи замон мусоидат намуд.
– риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ҷомеа таҳким ёфта, ҳисси масъулиятшиносӣ ва сарфакории шаҳрвандон боло гирифт. Дар натиҷа, тафаккури мардум дар мавриди баргузории чорабиниҳои оилавӣ тағйир ёфта, бештар ба моҳияти маънавӣ ва иҷтимоии онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад, на ба шукӯҳу шаҳомати зоҳирӣ.
Дар оянда, таваҷҷуҳ ба инкишофи анъанаҳои нек, ки бо фарҳанги бою рангини тоҷикӣ алоқаманданд, зарур аст. Ин маънои онро дорад, ки ба ғайр аз танзим, ба тарғиби ҷанбаҳои мусбати анъанаҳо, аз қабили меҳмоннавозӣ, эҳтироми калонсолон, тарбияи наслҳои ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад.
Исмоил Бобиев, н.и.и., дотсентикафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ






