ТАШАББУСКОРИИ НАВБАТИИ АБАРМАРДИ КИШВАР – ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

20

(дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ)

“Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.”

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо афзоиши низоъҳо, поймолшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва зарурати таҳкими сулҳу субот ҳамроҳ аст, ташаббусҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз 23 сентябри соли 2025, ки ба 80-умин солгарди таъсиси СММ бахшида шудааст, яке аз чунин ташаббусҳои калидиро пешниҳод намуд. Дар ин суханронӣ, Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ (International Year of Legal Literacy) эълон гардад, то фарҳанги шаффофият, адолат ва риояи ҳуқуқро дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Ин пешниҳод дар заминаи таҷрибаи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла эълони соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кишвар сурат гирифтааст, ки ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои конститутсионӣ мусоидат намуд.

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмуи андешаҳо дар бораи қонун, татбиқи он ва ҳифзи ҳуқуқ фаҳмида мешавад, ки дар шаклҳои маҳдуд (муносибатҳои танзимшавандаи ҳуқуқӣ) ва васеъ (анбори донишҳои ҳуқуқӣ) зоҳир мегардад. Он асоси рафтори қонунӣ буда, ба коҳиши нигилизми ҳуқуқӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун мусоидат мекунад. Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ самти муҳим аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқӣ ва омӯзиши кадрҳо амалӣ мешавад. Таҳлили заминаи миллӣ нишон медиҳад, ки эълони соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Тоҷикистон заминаи амалии ин пешниҳод аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба як пешоҳанги ташаббусҳои глобалӣ табдил ёфтаанд. Иқдомҳои таърихии Тоҷикистон, аз қабили: Эълони “Соли байналмилалии об”, “Даҳсолаи байналмилалии амал” “Об барои рушди устувор”», пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ҳама дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Акнун бошад, пешниҳоди эълони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” идомаи мантиқии ҳамин ташаббусҳо буда, собит месозад, ки Тоҷикистон барои сулҳи ҷаҳонӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқии байналмилалӣ нақши созанда ва роҳнамо дорад.

“Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст”

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ин ташаббус барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам меоварад. Эълони чунин сол аз ҷониби СММ:

1. Фарҳанги ҳуқуқиро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшад – давлатҳо водор мегарданд, ки барномаҳои омӯзишӣ ва маърифати ҳуқуқиро амалӣ намоянд.

2. Поймолшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро коҳиш медиҳад – ҷомеа бештар ба риояи қонунҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ мекунад.

3. Ба рушди устувор мусоидат мекунад – зеро ҳуқуқу адолат пояи амнияти ҷамъиятӣ ва пешрафти иқтисодӣ мебошанд.

4. Муколамаи тамаддунҳо ва ҳамкории давлатҳоро таҳким мебахшад – бо роҳҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ихтилофот ҳал мегарданд.

Тоҷикистон, ки аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва адолатро пеш гирифт, имрӯз бо пешниҳоди ин иқдом таҷрибаи таърихии худро ба ҷаҳон пешниҳод мекунад. Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо тавонист аз оташи ҷанги дохилӣ ба фазои сулҳу субот бирасад. Аз ин рӯ, пешниҳод намудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки таҷассумгари таҷрибаи нодири сулҳоварии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қадами бузурге дар роҳи таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ, адолат ва сулҳи ҷаҳонӣ аст. Ин ташаббус, ки бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мехӯрад, на танҳо барои имрӯзи башарият, балки барои наслҳои оянда аҳамияти бузург дорад.

Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки кишвари мо, сарфи назар аз андозаи ҷуғрофӣ ё иқтидори иқтисодӣ, метавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муассир ва роҳнамо дошта бошад. Ин иқдом нишонаи возеҳи он аст, ки тоҷикон ва Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, адолат ва маърифати ҳуқуқӣ мебошанд.

“Ман аз тамоми кишварҳои аъзо даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд”

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Абдураҳмонзода Лоиқ – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудити факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ

АДАБИЁТҲО:www.khovar.tj