ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ ЗИДДИМИЛЛӢ

276

Таҳлили вазъи ҷомеаи инсонӣ собит месозад, ки дар баробари ташаккул ва рушди падидаҳои нодир, ҳамчунин падидаҳои номатлуб низ ба вуҷуд омада, садди роҳи инкишофи босуботи ҷомеа мегарданд. Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз инсониятро баъзан хатарҳое таҳдид менамоянд, ки он маҳсули тафаккури гурӯҳи муайяни ҷомеа буда, манфиатҳои аксариятро поймол месозад. Имрӯз ҳар давлати миллӣ ва рӯ ба рушдро чунин хатарҳое таҳдид менамояд, ки аз сиёсати абарқудратҳои мушаххас ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои геосиёсиашон маншаъ мегиранд. Дар кишварҳое, ки аксаран мусулмонишин мебошанд, аксаран дар заминаи зиддиятҳои мазҳабӣ ва идеологӣ гурӯҳҳои тундраву ифротӣ созмон дода мешаванд, ки дар пасманзари онҳо абарқудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор доранд. Албатта ташаккули чунин ҳаракатҳои тундраву ифротӣ, ки ҳамеша ба ҷомеа хатар эҷод менамояд, муқобили манофеи миллӣ ва давлатҳои рӯ ба рушд мебошанд.

Таҷрибаи талхи солҳои 90-уми  асри гузаштаи Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки гурӯҳҳое, ки мавқеи зиддиконститутсионӣ ва марказгурезиро интихоб намуда, ҷомеаро ба ҷониби худ ҷалб менамоянд, дар зери сарпарастии қудратҳо ва хоҷагони хориҷӣ амал намуда, дар охир ба миллату давлати хеш хиёнат менамоянд. Чунин гурӯҳҳо аз проблемаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода намуда, мехоҳанд, бо роҳи гаравидани мардум ба ҷонибашон ба ҳокимият соҳибӣ намоянд. Ба ҳокимият расидани онҳо маънои ҳалли масъалаҳои ҷомеаро надошта, балки маънои дар хидмати хоҷагони хориҷӣ қарор гирифтан ва миллатро ғуломи абарқудратҳо намудан аст. Яъне барои чунин гурӯҳҳои манфиатҷӯй истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёрии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва амсоли ин гуна арзишҳо вуҷуд надорад. Танҳо манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ онҳоро ба ҳам оварда, муқобили манфиатҳои миллату давлат амал менамоянд.

Он гурӯҳҳое, ки дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон боиси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд, айнан ҳамин гуна ашхосе буданд, ки дар зери сарпарстии қудратҳои хориҷӣ ҷомеаро ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор намуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба ҳам омадани миллат ва аз ҳоли парокандашавӣ раҳо бахшидани давлат чунин саркардаҳоро авф намуд, вале таҷриба нишон дод, ки баъзе аз хиёнаткорон аз роҳи аҳримании худ барнагаштанд. Имрӯз новобаста аз таҳдиду ҳарзагӯиҳои хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар дар зери сарпарастии хоҷагонашон қарор доранд, миллати шарафманди тоҷик бо сарварии Пешвои хеш дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегӣ талош намуда истодаанд. Вале ин ҳама пешравиҳо аз ҷониби чунин афроди ҷаҳолатпеша ва хиёнаткор нодида мешавад.

Имрӯз зарур аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз чунин мақсадҳои нопоки душманони миллат воқиф шуда, баҳри таҳкими ягонагӣ ва истиқлоли давлатӣ талош намоянд.

Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ

Маҷидов Абдумаҷид Абдуҳамидович – муовини декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ оид ба корҳои тарбиявӣ