«ТОҶИКОН» — МАНБАИ ОМӮЗИШ БАРОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

332

Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» имрӯз (20.09.2022) дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ –назариявӣ таҳти унвони ««Тоҷикон» – сарчашмаи худшиносӣ ва асолати миллӣ» баргузор гардид.

Декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ, Абдулмуминзода Н.А. дар робита ба аҳамияти таърихии шоҳасари «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров дар раванди ташаккули худогоҳии миллии халқи тоҷик суханронӣ намуда, афзуд ки «асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшшудаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллиро такмил бахшид».

Сипас устоди факултети таърих, номзади илмҳои таърих Шарипов Ҷ.С.. суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки «омӯзиш ва тарғиби мазмуну мундариҷаи шоҳасари «Тоҷикон» воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлол нақши боризро соҳиб мебошад. Худшиносии таърихӣ ҷузъи таркибиву ҷудонопазири худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Бидуни огоҳии комил аз таърихи миллати хеш, бидуни омӯзиши амиқи асарҳои мафкурасози таърихӣ, бавижа «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китоби «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров худшиносии миллии мо ноқис хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин асарҳои пурарзиш бояд китоби рӯйимизии ҳар тоҷики боғуруру ватандӯст бошанд».

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки садорати факултет тасмим гирифтааст, ки дар робита ба амали гардидани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» чунин нишастҳоро миёни устодону донишҷӯёни факултет бо муаррихон давра ба давра роҳандозӣ созад.