ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁН БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024

28

Имрӯз (22.10.2024) бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ декани факултет, кормандони шуъбаи ҳуқуқ ва омӯзгори факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ иштирок намуданд. Дар раванди чорабинӣ масъалаҳои мақсаду ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, аҳаммияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мазмуну моҳияти он, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияву қабули Қонуни асосии кишвар ва таъмини кафолатҳои конститутсионии он, муҳиммияти маърифати ҳуқуқӣ барои аҳолӣ, нақши маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дода шуданд.