ВОХӮРИИ ШУРОИ БОНУВОНИ ФАКУЛТЕТ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОН

42

Имрӯз дар Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ вохӯрии Шурои бонувони факултет бо донишҷӯдухтарони ихтисосҳои марбутаи факултет баргузор гардид. Дар ҷаласаи баргузоргардида намояндагони Бахши занон ва бонувони ДМТ иштирок намуданд. Дар ҷаласа масоили тарзи либоспӯшӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ, саривакт ба дарсҳо ҳозир шудан ва баъзе масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.