ЗЕБОТАРИН МАВҶУДОТИ ЗАМИН

343

        Модар аз бузургтарин мавҷудоти замин маҳсуб мешавад, ки биҳиштро зери қадами ӯ густурдаанд ва дар тӯли таърихи вуҷудияти замину замон бузургиҳои ӯро ҳамеша ситоиш карда сутудаанд. Модар офаридгор аст, вай дунёро бо офаридаи худ – фарзанд зебо месозад ва ҳусни нав зам мекунад. Бе вуҷуди инсон дунё ҳеҷ аст, бе ҳастии инсон ҳама зебоиҳои олам беқадру беарзиш мебошанд ва дар онҳо ҳусн коҳидааст. Он ҳама зебоӣ бе инсон наметавонад зебоӣ бошад, он танҳо воситаи серии ҳайвону паррандаю ҳашарот мебуд ва зуд ба нобудӣ мерасид, умри дароз намедид. Оре, бузургтарин, арзишмандтарин ва лоиқтарину зеботарин мавҷудоти замин Инсон мебошад, ки онро бо амри Худои мутаъол Модар ба дунё меорад.

            Модар фарзандро ба дунё меорад, онро калон мекунад, тарбият мекунад ва дар ин росто азобу машаққату заҳматҳои зиёдеро пушти сар мекунад.

Ба ин маънӣ гуфтаанд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

        Модар фариштаи замин аст ва дунёи модар хеле тааҷҷубангез аст. Бахусус, меҳру муҳаббате, ки модар нисбат ба фарзандаш дорад, чӣ андоза қудратманд аст, чӣ қадар арзишманд ва муқаддас аст. Аз лаҳзаи таваллуди фарзанд то дами охирини нафасу зиндагӣ дар дили модар ин меҳр андаке ҳам коҳиш намеёбад, балки даҳчанд бештар мегардад.

        Модар асосгузор ва нигаҳбони оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

        Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан дидааст. Ба андешаи Ҳеродот, мардуми ориёӣ чунин одат доштаанд, ки ба писарони аз 5 то 20 – солаи худ се илмро пайваста меомӯзонидаанд. Якум, аспсавориро ба хотири тарбияи ҷисмонӣ ва чусту чолок будани фарзанд, дуюм, тирандозӣ ё камонвариро ба хотири дифои Ватан ва ниҳоят, танҳо сухани ҳақ гуфтан, яъне рост гуфтанро барои тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ.

        Инчунин Ҳеродот таъкид мекунад, ки маҳз ҳамин сифатҳо давлати қадимаи ориёиҳо – Ҳахоманишиёнро дар замони худ ба бузургтарин давлат табдил додаанд.

        Барои мо маълум аст, ки занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, соҳиби маълумоту касб гардида, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.

        Агар ба замони имрӯзаи Тоҷикистони азиз, хоса, ба даврони истиқлолият назар кунем, бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол дар ҳаққи занону модарон ғамхориҳои беназир рӯйи кор меоянд. Таъсиси квотаи президентӣ яке аз он ғамхориҳои Пешвои миллат мебошад, ки барои духтарони мамлакат пешниҳод гардида, ҳазорҳо духтарон бо квотаи президентӣ соҳиби маълумот ва касби дилхоҳ гардида, чандин нафари дигар алъон дар макотиби олии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.

        Таъкид бояд намуд, ки вобаста ба вазъи замон дар ҳамаи асрҳо масъулияти зан-модар бештар шуда, дар назди ӯ вазифаҳои нав ба нав пайдо мегаштанд.

        Мо медонем, ки ҷаҳони имрӯзаи мо, вазъи сайраи замин мураккабу печида мебошад. Ҳар гуна ҷараён, гурӯҳҳо падид омада, байни инсоният ҷудоиандозӣ ва ихтилоф эҷод мекунанд. Ба ин муносибат, Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро роҳандозӣ намуда, падару модарро ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзанд ҷиддӣ муносибат кунанд. Онҳоро дар рӯҳияи ахлоқу рафтори ҳамидаи инсонӣ, ки ин таҷрибаи ғанӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст, тарбия намоянд, роҳи дурусту поки зиндагиро нишон диҳанд ва албатта, волидон аз ӯҳдаи амалӣ намудани ин вазифаи пурмасъул сарбаландона баромада метавонанд.

        Хушбахтона, имрӯзҳо дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо теъдоди занон, аз ҷумла, роҳбарикунанда хеле зиёданд, ки бо сари баланд кору фаъолият доранд.

        Ҳамаи модарон, бонувони кишварро ба Рӯзи Модарон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ дар оила, комёбӣ дар тарбияи фарзанд ва муваффақият дар кору фаъолият орзумандем. Рӯзи Модарон муборак бошад!

Таибов О.Р., муаллими калони кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ