ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

61

Бо сипарӣ гардидани 33 сол таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки воқеан Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо истиқлоли воқеии миллӣ пайвасти ногусастанӣ дорад. Омӯзиш ва дарки амиқи ин марҳалаи муҳимму сарнавиштсози таърихӣ гувоҳи он аст, ки Иҷлосия оғози ислоҳотҳои ҷадиду самараноки сиёсӣ ва иқтисодӣ дар мамлакат ба шумор меравад. Дар Иҷлосия масъалаҳое мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифт, ки дар ҳифзи истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзии мамлакат нақши калидӣ ва меҳварӣ доштанд.
Таҷрибаи давлатдории миллӣ собит намуд, ки мардум дар симои намояндагони худ дар Мақоми Олии Қонунгузори мамлакат ягона қадами дуруст гузошт ва сарнавишти миллат ва давлатдории тоҷиконро ба дасти ҷавони ҷасур, баномус, ватандӯст ва хирадманду дурандеш Эмомалӣ Раҳмон супорид. Аз ибтидои қадамҳои устувори ин фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва таҳкими суботи сиёсӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии мардуми ин Ватан дар дасти қавии инсони нексиришту матин супорида шудааст.
Дар ин роҳи мураккабу пурпечутоби марҳалаи аввали давлатдорӣ, хидмати бузургу таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуд. Бо ин хидмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тиллоии таърихи миллат метавон Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли воқеӣ ва миллии Тоҷикистон номид. Вазъи мушкил на танҳо дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот ва бунёди давлатдорӣ дар заминаи холӣ, нарасидани маблағ, маводи ғизоӣ мушоҳида мешуд, балки дар кишвари ҷангзада, ки сарчашмаи асосии муноқишаҳо аслан аз парешонии ақидавӣ рӯй дода буд, ҷанги иттилоотӣ самти дигари шадиде буд, ки аз он ҷо ба таври пинҳону ошкоро ба ҷониби ҳукумати қонунӣ ҳамлаҳои нав сурат мегирифтанд. Душманони хориҷӣ аз низоъҳои дохилӣ истифода карда, вазъи ба амаломадаро боз ҳам шадидтар месохтанд. Дар чунин марҳила ҳеҷ як аз ашхоси маъмули ҳизбиву давлатии он замон ҷасорат пайдо накарда буданд, ки бори гарони масъулияти сарварии давлатро ба душ бигиранд. Ҳамчунин, аксари шахсони таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худорӣ карда, аз ҷони худ ҳаросиданд. Ин раванди бисёр ҳасос бори дигар нишон медиҳад, ки аксар аз сиёсатмадорони вақт мавқеи интизориро ихтиёр намуда буданд. Дар баробари ин ҳатто яке аз чунин шахсон ба Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Шумо дар ин мансаб аз ду ҳафта зиёдтар намеистед”. Хушбахтона ин ҳама ноумедиҳо бар бод рафту кору пайкори дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон умеди мардумро ба ояндаи босаодати давлатдорӣ ва зиндагии шоиста даҳчанд намуд.
Дониши амиқи таърихию сиёсӣ ва дарки вазъи мавҷуда сарвари ҷавону матиниродаро ба хулосае овард, ки қабл аз ҳама якпорчагии мамлакатро таъмин карда лозим аст. Дар ин замина роҳҳои рушду пешбурди самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатро пеш гирифт. Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин вазифаи худро ҳамчунин дар он медид, ки ҳувияти дар натиҷаи ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардумро бозгардонад, ваҳдати ҷомеаро эҷод намояд ва дар заминаи ин рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ монад.
Муҳимтарин вазифаи ҳукумати навташкилёфта бо Сарварии Эмомалӣ Раҳмон пиёда сохтани барномаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мутамаддин маҳсуб меёфт. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мегардад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Ҳамчунин, дар ҷомеа озодии виҷдон чун принсипи асосии арҷ гузоштан ба ҳуқуқи инсон амалӣ гардад. Ин гуна имконият танҳо дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кафолат дода мешавад. Мавҷудияти чунин принсипҳо мустақилияти миллӣ ва истиқлолро боз ҳам устувор месозад. Ҳамин буд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои нахустини худ дар раванди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ чунин қайд карда буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”. Муҳимтарин марҳалаи амалӣ намудани ин барномаи стратегӣ қабули Конститутсия ба шумор мерафт. Конститутсия бояд пеш аз ҳама ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳифз кунад ва масъулияти байниҳамдигарии шаҳрванд ва давлатро мушаххас намояд. Бинобар ин ҳукуматро зарур буд, ки Конститутсияи ҷавобгу ба вазъи ҷомеа талаботи онро қабул намояд.
Дъватҳои пайдарпайи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати мухолифини ҳукуматӣ ҷиҳати аз гуноҳи якдигар гузаштан, ба зиндагии осоишта ва шоиста қадам мондан, ки бо самимияти хосса изҳор мешуданд, эълони авфи умум, ки чандин маротиба сурат гирифт, дар ниҳояти кор натиҷаи хуб дод. Дар ин раванд ҳазоррон ҷавонони роҳгумзада, ки дар аввал ба бозичаи дасти қувваҳои хориҷӣ табдил ёфта буданд, силоҳҳои худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Ин ҳама талошу заҳмат ва ҷонисориҳои Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, ки асосашро истиқлоли давлатӣ ташкил медод, равона шуда буд. Ҷасорат, мардонагӣ, бахшиш, дурандешӣ, таҳамулпазирӣ, такя ба халқ ва аз дарди халқ бохабар будан ба ин фарзанди фарзонаи миллат имкон дод, ки истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намояд. Аз байни халқ баромадан ва ҳамеша бо халқ будан Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуб гардонид.
Маҳз қарори дурусти ҳайати вакилони иҷлосия дар роҳи интихоби Раиси Шурои Олӣ имкон дод, ки хатарҳои таҳдидкунанда ба истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ бартарф карда шавад. Мамлакат аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, минтақаҳои ҷудогонаи он аз муҳосираи иқтисодӣ, ки сабаби фалокати қисми зиёди аҳолӣ ва ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудани онҳо гардида буд, раҳо бахшида шуд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун як санаи муҳимму тақдирсоз кафолати ҳастии миллату давлати мустақили тоҷиконро ба вуҷуд овард. Заминаи ба ҳам омадани миллати тоҷикро, ки аз сабаби каме дур шудан аз таърихим миллат ва арзишҳои миллӣ ба амал омада буд, гузошт. Маҳз тавассути ҳамин иҷлосия бори дигар ба миллати тоҷик имкон фароҳам омад, ки мавқеи худро баҳри ояндаи хеш интихоб кунаду тавонад истиқлолашро ҳифз намояд. Иҷлосия имкон дод, ки заминаҳои устувор баҳри дар амал татбиқ намудани ислоҳотҳои ҷадиду созгори сиёсию иқтисодӣ гузошта шавад. Дар раванди бунёди сулҳу субот ва давлати соҳибихтиёру демократӣ дар доираи ислоҳотҳои сиёсӣ институтҳои мукаммали президентӣ ва парламентӣ дар мамлакат ташаккул ва рушд ёфт. Ташаккул ва рушди ниҳодҳои демократӣ дар ҷомеа заминаи кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба таври самаранок таҳким бахшид.


Абдулмуминзода Н.А. – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ
Маҷидов А. – н.и.и., дотсент, муовини декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ оид ба корҳои тарбиявӣ