• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Дар замони муосир рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бевосита ба пешрафти илм, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ вобастагии амиқ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқотҳои худ бо аҳли илм ва маориф пайваста ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқоти илмӣ...
Имрӯз (08.01.2026) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷаласа сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи...
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025) Ҳамасола мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар сукунат доранд, Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интизор мешаванд, зеро дар он омори самтҳои асосии...
(Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 16-уми декабри соли ҷорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар Паёми ирогардидаи Пешвои миллат масъалҳои ҳаётан муҳими иҷтимою...
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025) Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ироа карданд, паёми соли ҷорӣ на танҳо дастоварду муваффақиятҳои яксоларо дар бар мегирад, балки дар он талошу заҳмат, тадбирандешӣ ва то чӣ андоза ба ҳадафҳои гузошташуда ноил...
Рушди иқтисод барои ҳар кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Чунки дар баробари он ҷойҳои нави корӣ эҷод шуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ боло меравад ва сармоя барои эҷодиёту навоварӣ ба даст меояд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки дар он рақобати шадид вуҷуд дорад, болобарии самаранокии меҳнат, ки ба афзоиши истеҳсолот ва коҳиши нарх оварда мерасонад, ба яке аз...
Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир маҳсуб мешавад. Он на танҳо рушди иқтисодиро бозмедорад, балки ба низоми давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди мардум...
Тавре иттилоъ додем, комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР, IAAR)) ба Донишгоҳ ташриф оварда, ҷиҳати гузаштани ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ суҳбату вохӯриҳои вижаро роҳандозӣ доранд. Имрӯз (04.12.2025) тибқи талаботи барномаи комиссияи экспертӣ бахши ҳузури комиссия дар дарсҳо, озмоишгоҳҳо, кор бо...
Имрӯз (28.11.2025) дар доираи нақшаи вохӯриву мулоқотҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону кормандони воҳидҳои сохторӣ, мулоқоти навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ бо ҳайати устодону омӯзгорон ва кормандони факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони ректор, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони...

Эълонҳо