АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ОСОИШТАГИИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР

907

Ҳама сола 23 – феврал дар саросарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин эътимоднокии ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Аз таъсиси Артиши миллӣ 30 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобарин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем, Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем. Канораш гарму роҳатбахш чун домони модархост, Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.

Артиши ҷавони Точиқистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.

Доир ба рӯзи Артиши миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми худ чунин мафҳумҳоро ҳамеша ироа менамоянд. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд. Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ зарурати шадиди рӯз ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд.

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Тайи 30-соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карданд аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такамул меёбанд.

Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида, посбониву ҳушёрӣ ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд.

Қайд кардан бо маврид аст, ки артиши миллӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-сол муқаддам таъсис дода шудааст, ки солҳои истиқлолият ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

Аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон -Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.

Қуваҳҳои мусаллаҳ аз неруҳои замини, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавои, қувваҳои махсус, неруҳои дифои ҳавоӣ, гвардияи миллии президентӣ ва қувваҳои амниятӣ, иборат мебошанд. Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.

Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ, қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр, ниҳоят 27уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба Ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт.

Артиши Миллӣ дар ҳар давру замон кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст.

Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст, Авроди забони ман каломи ватан аст. Ман восифи ишқи ватани маҳбубам, Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.

Қайд намудан бо маврид аст, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Доир ба рӯзи Артиши миллӣ Қувваҳои мусаллаҳ, дар паём ҳамеша чунин суханон қайд карда мешавад: ман имрӯз дилпурона изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли таърихи қариб сӣ соли сипаришуда аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд. Зеро артиши 30 сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муназзаму муосир ва муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст. Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Сарчашма: аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан, ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад. Хизмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба ватан аст, аммо на ҳар кас ба ватани худ содиқона хизмат мекунад, нафароне ҳастанд хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт.

Боварии комил дорем, ки имрӯз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ, ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Зинда бодо миллати маҳбуби ман, Халқи меҳан дар вуҷудам, ҷони ман. Бо ту ҳастам сарбаланду бе ту ҳеҷ, Дар само бошӣ ҳамеша эй Ватан.

Бояд қайд кард, ки бузургии давлат аз бузургии Қувваи артишаш, қувваи бузурги артиш бошад, аз ҷавонони бо нангу номус ва ватандӯсташ вобастагии калон дорад.

д.и.и., профессор “Мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Низомов Самариддин Фахриевич

н.и.и., дотсенти кафедраи “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алимардонов Тоҳирҷон Ашуралиевич.