ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ

218

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-25010800- баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадзода Султон Муҳаммад дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, дар ду озмун, якум озмуни “Qualifying Debate Tournament” ва дуюм озмуни “National Debate League Grand Final 2023” иштирок намуда, дар ҳарду номинатсия сазовори ҷои аввал гардида, бо кубоки олимпиада сарфароз гардонида шуд ва ба даври байналмилалии ин олимпиада роҳхат гирифт, ки он рӯзҳои 15-19 сентябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Ба ҳамагон ин мужда муборак бод ва ба шогирди гиромӣ- Маҳмадзода Султон дар иштироки ояндааш муваффақият мехоҳем!