ХАТАРИ АФКОРИ ИФРОТӢ ДАР ФАЗОИ ОРОМӢ

282

Дар шароити имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ бо душмани наве рӯ ба рӯ гардидааст, ки хеле хатарнок мебошад. Номи он терроризм буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое ба монанди харобкорӣ, қатлу куштор, зӯроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклҳои идоракунии давлатӣ, сохти давлатӣ-сиёсӣ ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҳамакнун, терроризмро метавон ба унвони «вабои асри XXI» ташбеҳ дод, чунки он аз рӯйи қувваи харобкории худ на камтар аз ин бемории марговар аст.

То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ касе ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намояд. Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои террористиро қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам қайд менамоянд ва маҳз дар ин робита иброз доштанд, ки: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Терроризм ба унвони як зуҳуроти номатлуб аз худ қурбониҳои зиёди инсонӣ ба бор оварда, арзишҳои моддию маънавӣ ва фарҳангиро хароб менамояд, ки дар тули асрҳо наметавон онро барқарор сохт. Он дар байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бадбинию набоварӣ тавлид месозад. Дар замони муосир терроризм барои гурӯҳҳои алоҳида усули ҳалли масоили мубрам, аз қабили проблемаҳои сиёсӣ, динӣ ва миллӣ гардидааст. Терроризми муосир имкониятҳои бузурги молиявию иқтисодиеро дар ихтиёр дорад, ки на давлат ва на ҷомеа метавонанд онро назорат намоянд.

Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки созмонҳои террористӣ ташкил ва эҷоди сохторҳои навро амалӣ намоянд, афроди муайянеро ба фаъолияти террористӣ ҷалб намуда, дар ин фаъолиятҳо ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ намоянд, ба даст овардани роҳу усулҳои маҷбурии ҳадафи иҷтимоӣ-сиёсиро махсусан бо воситаи интернет таблиғ намоянд ва дар ниҳояти кор ба амалӣ шудани кирдорҳои террористӣ даст ёбанд. Мубориза бар зидди идеологияи террористӣ дар худ маҷмуи тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ, сиёсӣ-иҷтимоӣ, иттилоотӣ-таблиғотиро таҷассум намуда, бояд ба пешгирӣ ва решакан гардидани ин зуҳуроти нангин дар ҷомеа мусоидат намоянд. Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мегардад. Махсусан, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гироиш ба таъсироти номатлуби гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад. Ҷавонон, ки аслан ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг ғутавар гарданд.

Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо дарназардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки муаммоҳои зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Ҳамаи мо бояд дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки мунтазам ҷавононро таъкид менамоянд, сармашқи кору фаъолияти ҳамарӯза намуда, дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносибатҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки афроде фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созад. Яъне, пеши роҳи афкори ифротиро бигирем, то ба фазои ором ҷой наёбанд.

Абдулмуминзода Н.А., декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ,

Маҷидов А.А., муовини декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ оид ба корҳои тарбиявӣ