(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025)
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ироа карданд, паёми соли ҷорӣ на танҳо дастоварду муваффақиятҳои яксоларо дар бар мегирад, балки дар он талошу заҳмат, тадбирандешӣ ва то чӣ андоза ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гардидани давлату ҳукмат дар 10 соли охир инъикос мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар Паёми имсола дар марҳилаи нави тараққиёт қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан қайд гардида, дар давраи гузашта амалӣ намудани ҷанбаҳои асосии фаъолияти ҳукумати кишвар тибқи стратегияву барномаҳои қабулгардида нишон дода шуданд. Аз ҷумла, 3,4 баробар зиёд гардидани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфтани ону аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонидани он дастоварди назаррасе мебошад, ки ноил гардидан ба он боиси шарафмандӣ мебошад.
Пешвои миллат ба самтҳои стратегии дар оянда барои кишвари маҳбубамон мубрамбуда ишора намуда, таъкид карданд, ки дар оянда бояд барои рушди технологияҳои рақамиву татбиқи зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат ва технологияҳои муосир дар ҷараёни фаъолияти бахшҳои иқтисодӣ аҳаммияти махсус дода шавад ва Парламенти кишварро дастур доданд, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки барои пурра истифода бурдани имкониятҳои иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, Тоҷикистон бояд ба тарбияи мутахассисон, беҳтар кардани инфраструктураи телекоммуникатсионӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ диққати махсус диҳад. Дар ин замина бояд қайд намоем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди илмии асосии кишвар низ талошҳои бесобиқаи худро дорад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳ, дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар ин ҷода равандҳои муосири таълим ва тадрис ба роҳ монда шуда, вобаста ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ, барои омодасозии мутахассисони варзидаву донандаи технология ва низомҳои иттилооти муосир шароити муосид фароҳам оварда шудааст. Дар ин раванд саҳми устодони факултет хеле назарррас арзёбӣ гардида, мақоми онҳо дар таҳкими тадриси мутахассисон ва маҳорату малакаи онҳо ба таври фаъол арзёбӣ мегардад. Бо итминони комил метавон арз намуд, ки устодони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёмҳои солона ироа мекунанд ва барои рушди устувори дарозмуддати бахшҳои иқтисоди миллӣ саҳмгузор буда, тамоми матонати хешро дар ин роҳ сарф хоҳанд кард.
Абдулмуминзода Н.А. – н.и.и., дотсент декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ
Ҳофиззода Ҳ.А. – н.и.и., дотсент муовини декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ






