ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ШАҲРВАНДОН АСТ

29

Аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон ва тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро неруи пешбаранда унвон додааст. Ин нукта зимни вохӯрӣ бо хатмкунандагони факултетҳои баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини КДАМ таъкид гардид.

Дар идома масъалаҳои худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ аз ҷониби ҷавонон, саҳми ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, иҷрои бандҳои як зумра стратегияҳо, худдорӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғ. баррасӣ гардиданд.