ЭҲЁГАРИ РОҒУН

135

Тибқи нақшаҳои генералии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар дарёи Вахш бояд силсиланеругоҳҳои барқи обӣ сохта мешуданд ва яке аз онҳо НБО-и “Роғун” буда, баъди истифодаи неругоҳи барқи обии Норак бояд сохтмонаш оғоз мегардид. Аз нимаи дуюми асри ХХ сохтмони НБО-и “Роғун” оғоз гардида то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта идома ёфт. Ҳарчанд сохтмони он нимаи дуюми асри гузашта оғоз шуда бошад ҳам ба сабабҳои ба ҳамагон маълуми буҳрони сиёсию иқтисодии солҳои 90-ум корҳои сохтмонӣ дар он ба пуррагӣ қатъ гардид.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва дар ин замина пайдо шудани имкониятҳои молиявии кишвар сохтмони НБО-и Роғун вусъати тоза пайдо кард.

Давраи навини давлатдории кишвар, ки онро Эҳёи Миллӣ меноманд бо номи абармарди миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста буда, иқдомҳои бунёдкорона ва созанди мавсуф дар ин самт беназир аст. Дар воқеъ ин иншооти аср, ки аз ҷиҳати баландии сарбанд ва сохти меъморӣ беназир аст, бо саъю талош ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири Пешвои миллат бунёд шуда истодааст.

Давлату ҳукумати кишвар дар баробари пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ нақшаҳои стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баътар саноатикунонии босуръатро дар назди худ гузоштааст, ки дар мадди аввали он бунёди нерӯгоҳҳо меистад. Чунки нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз сарчашмаҳои барқароршаванда истеҳсолшуда ба муҳити атроф таъсири манфӣ нарасонида, балки нуфузи кишварро дар арсаи байналхалқӣ барои саҳм доштан дар пайгирии иқтисоди сабз ва истеҳсоли энергияи сабз ба маротиб боло мебарад.

Гузашта аз ин, аксарияти кишварҳои ҷаҳон барои худ як мояи ифтихоре доранд ва ё офаридгор ба онҳо ягон неъматеро арзонӣ доштааст. Барои кишвари биҳиштосои мо ин гуна неъмат дарёҳои аз пиряхҳои азими кӯҳистон маншаъгиранда насиб гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳаи обҳои мусаффо қарор дошта, ин захираи табиии барқароршаванда дар дохили кишвар хеле кам истифода мешавад. Аз ин лиҳоз бунёди силсиланерӯгоҳҳои обии барқӣ ба кишвар манфиати калони иқтисодӣ оварда, соҳаҳои хоҷагии халқи малакат бо нерӯи барқ пурра таъмин гашта, барои санаоатикунонии босуръат заминаи мусоидро фароҳам меорад. Ҳамчунин заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ба ин васила обёрӣ гардида ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд ва содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, ки дар хориҷи кишвар талаботи зиёд дорад, афзун мегардад.

Аз ин ҷо, чунин хулоса бароварда мешавад, ки ҳангоми ба истифода додани ҳамаи агрегатҳои НБО-и “Роғун” калиди ҳамаи муваффақиятҳо ба даст оварда мешавад ва раванди саноатикунонии босуръат вусъати тоза пайдо мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғун – сохтмони аср, кохи нур, шаҳсутуни иқтисодиёт, бойигарии миллӣ, ифодагари симои тавонмандии кишвар, ғурури миллӣ, ва орзую омоли мардуми саодатмандӣ кишвари маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Меъмори асосии ин кохи муҳташам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик мебошанд. Сарвари хирадманди кишвар тамоми монеаҳои берунаро бо роҳи гуфтушунид бартараф намуда, сохтмони нерӯгоҳро бо дастони худ оғоз карданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мо кормандони донишгоҳ моҳи августи соли ҷорӣ ба ин сохтмони аср сафар намуда, аз корҳои сохтмонӣ дар ин Кохи нур аз наздик ошно гаштем. Он таасуротеро, ки зимни ташриф аз маҳаллӣ сохтмон ҳосил кардем бо қалам васф кардан ғайриимкон аст. Хусусияти хоси ин нерӯгоҳ дар он аст, ки агрегатҳо дар қалби кӯҳ бунёд шуда, аз нақбҳои хеле зиёд ва тӯлонӣ иборат буда, сохтори хеле мураккаб дорад.

Дар ҳақиқат бунёди ин объекти стратегӣ, ки дар минтақаи Осиёи миёна беназир аст, маводи сохтмонӣ ва меҳнати ҷисмонии зиёдеро талаб мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда кору пайкор дар ин иншооти стратегӣ босуръат ва бо сифати баланди меъморӣ идома дорад.

Пас аз бевосита ошно гаштан ва мушоҳидаи рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун бори дигар ба нерӯю тавонмандӣ ва ақлу заковати эҳёгари он итминони комил ҳосил намудем. Бинобарин, аз насли ҷавони кишвар, ки пайравони Пешвои миллатанд даъват менамоем, ки ба қадри ин ҳама заҳмату талошҳои Сарвари хирадманди кишвар бирасанад ва дар сояи парчами ватан аз як гиребон сар бароварда, аввало илмҳои замонавиро азхуд карда ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба ватану миллат хизмати шоиста намоянд. Сониян, дар атрофи Сарвари хирадманди хеш муттаҳид шуда, сиёсати созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоянд. Ва дар охир, дар ин замони хеле пуртаззоду вазъи ноороми минтақаю ҷаҳон ва таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ба амнияти миллӣ зиракии сиёсиро аз даст надода ҳимояи марзу буми кишварро ба дӯш гиранд ва нагузоранд, ки нохалафе вазъи орому муътадили сарҳадро ноором созад.

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои заҳматҳои шабонарузӣ дар таъмини сулҳу субот, рушду нумӯи кишвар ва ободкорию созандагӣ бо арзи адаб ва эҳтироми бепоён изҳори миннатдорӣ намуда, барои амалӣ кардани ҳадафҳои бунёдкорона ва созанда барору комёбиҳои беназир таманно дорем.

н.и.ф-м. досенти каф­едраи кибернетика ва иқтисоди рақамии ДМТ Ҷобиров Ҷаббор Қаҳ­ҳорович,

н.и.и., дотсенти​ ка­федраи кибернетика ва иқтисоди рақамии ДМТ Табарзода Орифҷон Сайдалӣ.