КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ТАҲКИМИ МАҚОМИ ИНСОН

221

Ҳар як халқ дорои расму ойин ва урфу одати хосси худ мебошад, ки дар ҳар давру замон ӯро ҳамчун миллат муаррифии менамояд, аз ҳамин лиҳоз, ниёкони тамаддунофари мо ҳамеша талош менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддаси моро тавассути эҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равона гардида, эмин нигоҳ доранд ва имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки дар замони муосир ин анъанаи нек идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки хосси мақсаду мароми миллати мо мебошанд.

Дар ин радиф қайд кардан меарзад, ки Конститутсияи имрӯза барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги бойи қадима мебошад, таҳия шуда, бо назардошти шароити муосир инъикосгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи кишвар, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз ва моҷароомези рӯзҳои нахусти ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид, бузургтарин дасторварди даврони истиқоли кишвар ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои наҷиби миллати куҳан, яъне бунёди давлати муосир, ки ҷавҳари асосии онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи муҳимми ҳуқуқӣ гузошт.

Арзишҳои муқаддаси Конститутсия муҳимтарин аркони ҷомеаи демократии кишварро муайян карда, ҳамчун ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равашангари роҳи пешгирифтаи ҳаёти ҷомеа буда, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.

Бо қабули Конститутсия ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишвар бо маром идома дода шуда, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тавсиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд.

Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, рамзҳои давлати мустақили Тоҷикистон ва танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмуъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин менамоянд.

Ин санади олӣ манфиатҳои миллии мардуми бошарафи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуда, аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии давраҳои мухталифи кишварамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардидаанд тафовути куллӣ дорад. Ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ нахустин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқи дорои фарҳанги маънавии бостонӣ бо дарки масъулияти баланду диди тоза ва бо умеди эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардумӣ дар муқаддимаи Конститутсия мустаҳкам гардидаанд. Дар Конститутсия давлати демокративу дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократӣ ба монандӣ эътирофи халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, иштироки бемамониати ҳар шахс дар идоракунии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар падидаҳои нодири демократӣ таҷассуми худро пайдо намудаанд.

Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки дар Қонуни асосӣ меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд, ки ҳанӯз зиёда аз дуввуним ҳазор сол қабл дар Эъломияи Куруши Кабир дарҷ ёфта буданд, аз қабили ҳуқуқ ба озодии виҷдон. Принсипи асосии ҷоемаи демократӣ ва рушди он дар баробари дигар падидаҳо, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар сатҳи Қонуни асосӣ амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.

Давлат дар асоси ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Дар шароити муосир бинобар дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам гардидани эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, хусусан моликияти хусусӣ ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар асоси рақобати озод, ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва тавассути таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, озодона бастани шартнома ва ворид шудан ба муомилоти гражданӣ бо такя ба принсипҳои мустақилият ва баробарӣ икмкон дод, ки иқтисодиёти кишвар ба маротиб афзуда, сатҳи некӯаҳволии мардум бо тадриҷ боло гардад. Таҷрибаи аксар кишварҳо нишон медиҳад, ки яке аз мехнизмҳои рушди ин низом мавҷудияти мақомоти олии қонунгузорӣ ва ё парламенти касбӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи давлатдорӣ парламенти дупалатаи доимамалкунандаи касбӣ таъсис ёфта, барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллӣ ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон муосидат намуд. Таъсиси парламенти дупалата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи заминаи боэътмод гузошт ва имрӯзҳо маълум аст, ки раванди қонунэҷодкунӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар бо маром амалӣ мегардад.

Давлатзода М. Х. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ