МУАРРИФИИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ

438

 Санаи 11.11.2020 бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ ҷиҳати муаррифии Маркази омӯзишии соҳибкорӣ ва молиявии Бостон (Boston School of Finance and Business) мизи гирд баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири кафедраи молия ва суғурта, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. оғоз ёфт.

Сипас намояндаи маркази мазкур Фирӯз Булбулов суханронӣ намуда, оид ба ҳадафҳои марказ ба донишҷӯён маърӯза намуд. Афзуд, ки нишасти мазкур барои иқтисодчиёни ҷавон судманд мебошад.

Дар анҷони вохӯрӣ вобаста ба фаъолияти марказ саволу ҷавоб сурат гирифт.