ПИРӮЗИИ ОМӮЗГОРОН ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМАИ НАМУДИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШИИ ШОҲМОТ

319

Бозии шоҳмот ифодагарӣ азму иродаи қавӣ барои пирӯзӣ бар рақиб буда, ҳамчун воситаи варзиши тафаккур ва фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш мебошад. Эмомалӣ Раҳмон.

Сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рушду нумуи бозии шоҳмот дар кишвари азизамон гардидааст. Ташкили ҳамасолаи чемпионати Ҷоми Пешвои миллат оид ба бозии шоҳмот ва мусобиқаҳои дигар дар тамоми қишрҳои ҷомеа гувоҳи гуфтаҳои болост.

Вобаста ба ин дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат клуби шашкаю шоҳмот фаъолият менамояд, ки дараш барои дустдорони ин намуди варзиш ҳамеша боз аст. Дар баробари ин дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мунатазам вобаста ба санаҳои таърихӣ  ва ҷашну маросимҳои миллӣ  чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешавад, ки бозии шоҳмот низ истисно нест. Дастгириҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба рушди варзиши зеҳнӣ, аз он ҷумла бозоии шоҳмот боис гардид, ки шоҳмотбозони дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ҳамеша ҷойи аввалро ишғол намуда сазовори дипломи дараҷаи якум гарданд:

Санаи 08.05.2023 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот байни омузгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ғамхорӣ ба табиату башарият аст» гузаронида шуд, ки дар он  устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дадабоев Абдусалом ва Саттаров Абдукарим ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол намуданд.

Санаи 12.05.2023 бо ибтикори Иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи Донишгоҳ техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи шоҳмот байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он 14 даста иштирок намуда, аз онҳо дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Санаи 23.05.2023 дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон даври ниҳоии Спартакиадаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмот гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти Спартакиадаи варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми якумро касб намуданд.