РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ

465

 Имрӯз (17.02.2021) дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ бо ибтикори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ ва омор дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ ва зарурияти ҷорӣ намудани низоми нави ҳисобҳои миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, дотсент М.Калемуллоев ва сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.

Сипас Муллошариф Арабов – дотсенти кафедраи информатика ва низоми иттилоотии Донишгоҳи славяниии Русияву Тоҷикистон оид ба «Таҳлили ҷанбаҳои математикии пулҳо ва низомҳои электронӣ», Сайалӣ Мирзоев – дотсенти кафедраи омор оид ба «Моҳияти истифодабарии ҳисобҳои тарансфертии миллӣ», Саидаҳмад Нарзуллоев – дотсенти кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ роҷеъ ба «Гузаштан ба иқтисоди рақамӣ – яке аз роҳҳои татбиқи ҳукумати электронӣ дар кишвар», Айём Расулов – докторанти соли аввали донишгоҳ доир ба «Низоми пардохтҳои электронӣ ва имкониятҳои инкишофи онҳо» ва Саидумар Сафаров – докторанти Ph.D-и донишгоҳ оид ба «Ҳукумати электронӣ: шарту шароитҳои татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин конференсия, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, афзоиши номгӯи молҳо ва хизматрасониҳои электронӣ мебошад.

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои мушаххас сурат гирифт.