СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ»

126

Имрӯз 28.10.2023 дар пояи кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид. Сухангӯ: н.и.ҳ. дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сулаймонов Фирӯз Сафаралиевич мебошанд, ки дар кори семинари илмӣ-амалӣ саҳми беандозаи худро гузошта доир ба танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ баромади хуб намуданд. Дар кори семинари илмӣ-амалӣ устодони кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ, донишҷӯёни ихтисоси иқтисоди рақамӣ ва кибернетикаи иқтисодӣ, инчунин устодон аз кафедраи омор низ ширкат варзиданд.