СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «МУҲОҶИРАТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҚУВВАИ КОРӢ ДАР ҶАҲОН»

234

Имруз 19.12.2022 дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи Муҳоҷирати байналхалқии қувваи корӣ дар ҷаҳон бо иштироки донишҷуёни курси 2-юми ихтисоси 25010800, баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит баргузор гардид, ки дар он ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Қурбоналиев Кароматулло Исмонович ба шунавандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ ва бурду бохти он маърузаи пурмуҳтаво намуданд. Дар охири ҳамоиш донишҷуён ба саволҳои сершумори худ ҷавобҳои қаноатмандона гирифтанд.