ТАКМИЛИ НИЗОМИ МОЛИЯ

535

Имрӯз (7.12.2020) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои такмили низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Шамсов оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия табрик гуфта, зикр намуд, ки «Дар раванди давлатсозии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шудааст, ки имрӯз дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим дорад».

Сипас сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. доир ба аҳамияти чорабинни мазкур таҳлил ва омӯзиши муаммоҳои такмили низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир суханронӣ намуда, қайд намуд, ки «устодони факултети молиявию иқтисодӣ иди касбии хешро бо дастовардҳои назаррас дар раванди таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ пешвоз мегиранд ва ба рушди молияи мамлакат бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва ҳалли муаммоҳои илмии молиявӣ саҳми хешро мегузоранд».

Баъдан С.Вазиров – сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Иқтисоди рақамӣ ва андозбандӣ» марӯза намуда, қайд намуд, ки «Иқтисоди рақамӣ натиҷаи рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ буда, бо тағйир додани равандҳои тиҷоратӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ густариши инноватсияро фароҳам овардааст. Ин аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи Ваҳдати миллӣ, низоми молиявии ҷумҳурӣ ба як қатор дастоварду пешравиҳо ноил гардид».

Дар кори нишаст Амириён Ё. – сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д.Ш Убайдуллоев – муовини директори департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқот ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ, инчунин, устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.