ТАРҲРЕЗИИ КОМПЮТЕРИИ РАВАНДҲОИ ИҚТИСОДӢ

613

Имрӯз (16.11.2020) бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ дар мавзӯи «Тарҳрезии компютерии равандҳои иқтисодӣ» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, дотсент М.Калемуллоев ва сардори шуъбаи охбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.

Сипас Р.Тоҳирова, н.и.и., дотсент, муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ оид ба «Таҳияи тарҳи иқтисодӣ ва таҳлили объекти иқтисодӣ», С.Низомов, д.и.и., профессор, мудири кафедраи таҳлил ва аудит роҷеъ ба «Таҳлил ва аудит ҷузъи ҷудонашавандаи тарҳрезии равандҳои иқтисодӣ», С.Мирзоев, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи омор оид ба «Таҳқиқи маълумотҳои оморӣ ва қаторҳои вақтӣ бо тарҳҳои эконометрӣ», Давлатзода М., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ доир ба «Баҳисобгирии фаъолияти хоҷагӣ дар шароити иқтисодӣ рақамӣ», О.Табарзода, н.и.и., дотсент мудири кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ оид ба «Моделсозии компютерии равандҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ» ва Ш.Юсупов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт доир ба «Пакети барномаҳои амалӣ барои сохтани моделҳои иқтисодӣ-риёзӣ» маърӯза намуданд.

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои мушаххас сурат гирифт.