Cеминари илмӣ-тарбиявӣ дар мавзӯи “Салафияи ифротӣ ва хатару таҳдиди он ба амнияти миллӣ”

209

Имрӯз дар Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ семинари илмӣ-тарбиявӣ дар мавзӯи “Салафияи ифротӣ ва хатару таҳдиди он ба амнияти миллӣ” баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовинони декан, сарпарастон ва сардорони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст ба кори семинар декани факултет, дотсент Абдулмӯминзода Н.А. ҳусни оғоз бахшида, фикру андешаҳои хешро иброз намуданд. Баъдан мудири кафедраи диншонсии донишгоҳ н.и.ф., дотсент Нурулҳақ Қамар оид ба ҷараёни салафия, оқибатҳои манфии гароиши он, хатару таҳдидҳои он, ба ҷомеъа ва насли ҷавон маълумотҳои муфид ва мушаххас ироа намуданд. Дар фарҷом муаррифии китоби ” Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик” баргузор гардид.