ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ МОНДАГОРИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

281

Барои миллати соҳибихтиёру соҳибистиқлол нодиртарин падида дар роҳи амалишавии ҳадафҳои стратегӣ баҳри таҳкими давлатдории миллӣ ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдат дар умум муттаҳидӣ, сулҳу салоҳ, суботи сиёсӣ, амният, ҳамдигарфаҳмӣ, дар роҳи рушд ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ будан аст. Ваҳдати миллӣ хоси миллати мутамаддину бофарҳанг ва таҷрибадору озодманиш аст. Нодиртарин шаклҳои ваҳдат – ваҳдати миллӣ аст, ки миллатро новобаста аз маҳал, қавм, мазҳаб ва баромади иҷтимоӣ дар доираи як ҳадафи умумӣ, ки дар меҳвари он рушди босуботи ҷомеа қарор дорад муттаҳид менамояд. Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ собит менамояд, ки пояи асосии истиқлолу озодӣ ваҳдати ҷомеа аст. Пояи давлати соҳибистиқлоли миллӣ бошад, ваҳдати миллӣ аст, ки он имкони боқӣ мондани миллатро дар саҳифаҳои ояндаи таърих кафолат мебахшад. Ваҳдат имконияти амалишавии ҳадафҳои олии миллат аст, ки дар меҳвари он соҳибихиёрӣ қарор дорад. Ваҳдат ҳам дар роҳи ба истиқлол расидан ва ҳам баъди амалшавии он лозим аст. Он дар аввал истиқлол ва баъдан ба ҷомеа субот ва осудаҳолӣ мебахшад.

Омӯзиши таҷрибаи таърихи навини давлатдории тоҷикон бори дигар исбот намуд, ки бе ваҳдат устувории истиқлол ва ҳастии миллат зери шубҳа қарор мегирад. Истиқлоли давлатии мо агарчи ба 9-уми сентябри соли 1991 рост меояд, вале то 27-уми июни соли 1997 зери хавфу хатар қарор дошт. Маҳз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” имкон дод, ки истиқлоли давлатӣ ҳифз карда шавад. Ташаббусҳои чеҳраи мондагори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ имкон дод, ки хатари парокандашавии миллату давлати тоҷикон баратараф карда шавад. Ҳудуди қариб панҷ сол (1992-1997) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба ҳам омадани миллати тоҷик ва аз ҳоли нестшавӣ наҷот бахшидани Тоҷикистон талош намуда, дар ин роҳ тамоми  қувваи хешро истифода намуд. Новобаста аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ донишу хирад ва ҷасорати хоссаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки миллати тоҷик ба ҳам ояд. Садҳо ҳазор аҳолии кишвар ру ба фирор оварду садҳо нафари дигар ба бозиҳои душманони миллат дода шуданд. Миллати соҳитамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик даст ба гиребони ҳам зад. Дар чунин лаҳзаи вазнину мураккаб ва сарнавиштсоз барои миллату давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотбахши миллату давлати тоҷикон ворид шуд. Сарвари давлат ба хубӣ дарк намуда буд, ки ягона роҳи бартараф намудани моҷарои сиёсӣ, ки боиси харобҳои зиёд гардида буд дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ аст.

Маҳз талошҳои Сарвари давлат дар роҳи ба ҳам омадани ҷомеа имкон дод, ки гуфтушуниди ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати мухолифин оғоз гардад. Аз моҳи апрели соли 1994 то соли моҳи июни соли 1997 дар ҳашт марҳила дар шаҳрҳои мухталифи кишварҳои собиқ шуравӣ ва хориҷи наздик гуфтушунидҳо баргузор гардид. Талошҳои Сарвари давалат боис гардид, ки Созишномаи тоҷикон ба имзо расад.

Имрӯз баъди 26 соли имзои шартномаи сулҳ миллати тоҷик ба дастовардҳои зиёду мондагор ноил гардид, ки ин ҳама самара заҳмату талоши Сарвари давлат ва ҷасорати ӯ дар роҳи ба ҳам омадани миллат аст. Зарур аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз аз ҷониби қишри зиёии мамлакат ба насли наврасу ҷавони кишвар шарҳу тавзеҳ дода шавад. То наслҳои ояндасози миллату давлат дар ҳифзи асолати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ уствору пройбарҷо бошанд. Ҳифзи ваҳдати миллӣ, ки кафолати қударти мо миллати тоҷик аст, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баномусу шарафманд аст. Шарафи мо дар ваҳдати мо ва якдилии мо инъикос мегардад, ки ин якдилӣ ба сӯи бузургӣ ва тавоноӣ мебарад.

Абдулмуминзода Насимҷон – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ

Ҳофизов Ҳафиз – н.и.и., дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ