Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ имрӯз (24.02.2022) миёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи молияи Федератсияи Русия дар робита ба мавзӯи баҳисобгирии идоракунӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, хусусиятҳои баҳисобгирии идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ конференсияи байналмилалии онлайнӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, дар робита ба муҳиммият ва мушкилоти баҳисобгирии идоракунӣ суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд.
1. Истифодаи технологияи информатсионӣ дар ҷараёни таълим.
2. Ба донишҷӯён шинос намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои вобаста ба молияву муҳосибот.
3. Ташкили семинарҳои омӯзишӣ дар робита ба нақшаи таълимӣ ва...
Имрӯз (23.09.2021) бо ташаббуси кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар арсаи сайёҳии байналмилалӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Нишаст
бо сухани муқаддимавии сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ
Абдуллозода Р. оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва
бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи...
Боиси сарфарозист, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун як ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбии худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст. Дар ин муддат Созмон тавонист, ки тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро аз сиёсат то амният, иқтисодиёт то ҳамкории гуманитарӣ фаро гирад.
Фаъолияти СҲШ...
Ахбор
Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
ТАБРИКОТИ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Воқеан...
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ!
Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.
Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд.
Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи...
6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев...
Андешаҳои ҷавонон дар робита ба Истиқлолияти давлатӣ
Насима Қосимӣ – корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ:
-Ҳамасола 9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Зеро Истиқлолият ин армони ҳазорсолаи миллӣ ва дастоварди бебаҳои таърих аст. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки...
Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ – 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз (1.09.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат...