• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог
Наврӯз рамзи ивазшавии фаслҳо, рӯзи нав, зиндагии нав, ҳатто ҷашни ваҳдат ҳам гӯем хато намекунем. Ин ид иди бозгашт ба ҳуввияти худ, ёди ниёгон, гирифтани хабар аз беморону ятимон мебошад. Ин ҷашн як арзиши бебаҳоест, ки мардумро дар атрофи фазилатҳои баланд муттаҳид намуда, ҳисси Ватанро дар рӯҳияи Миллат таҳким мебахшад. Мардуми тоҷик дар тӯли асрҳо Наврӯзро ҳамчун...
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Иқтисоди рақамӣ ин як системаи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки ба эҷод, тақсим ва татбиқи технологияҳои...
Иди занон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, воқеан ҳам иди меҳру вафо ва покиву садоқат ба Зан-Модар, Офарандаи ҳаёти башар мебошад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст. Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате...
Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои расидан ба ормони ҳазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи даҳшатбор ва бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин давраи ниҳоят ҳассосу пурошӯб ва тақдирсози таърихи миллат, яъне дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ,...
Ҳеҷ як давлату миллат бе лашкари тавонову шуҷоъ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон лашкарҳои худро таъсис медоданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари тавоно буданд. Сарчашмаҳо исбот месозанд, ки Искандари Мақдунӣ лашкари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари...
Субҳи имрӯз гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо хатмкунандагони МТМУ ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуданд. Гурӯҳи тарғиботӣ (Абдулмуминзода Насимҷон – декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ) зимни вохӯрӣ масъалаҳоеро баррасӣ намуд, ки барои ҳаёти наврасону ҷавонон муҳим мебошанд: Мавзуъҳои суҳбат: ...
 Сару садоҳо атрофи ҳодисаи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдат Ба иттиллои сомонаҳои расмӣ сани 3 феврали соли 2025, соати 15:44, гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳамла 3...
Имрӯз санаи 04.02.2025 дар Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши бандҳои "Нақшачорабинӣ оид ба нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024", "Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030", "Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025" ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид,...
Иқтисоди рақамӣ зуҳуротест, ки дар натиҷаи бошиддат ворид шудани унсурҳои техникӣ (технологияҳои иттилоотӣ-коммункиатсионӣ) дар ҷараёнҳои гуногунҷанбаи фаъолияти инсонӣ ба вуқуъ омада, ҳамчун падидаи густаришёбандае баромад мекунад, ки таъсири амиқи худро ба равандҳои иқтисодӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ расонида истодааст. Бояд дар назар дошт, ки таъсири иқтисоди рақамӣ дар равандҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва дигар равандҳои ҳаётии ҷомеъа...
Таърихи пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва оташ аст, хеле қадимӣ буда, ба давраҳои ориёӣ мерасад. Дар бораи ҳастии он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) ва ҳам хаттӣ дар устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба мо расидааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори...

Эълонҳо