Достижения

ДИПЛОМЕ БАРОИ МОДАР, УМЕДЕ БАРОИ ФАРЗАНД

Инсондӯстӣ яке аз хислатҳои олии ахлоқӣ ва маънавии бузургони миллати мо ба шумор меравад. Маҳз ҳамин руҳия ва арзиш дар сиёсати иҷтимоии давлат, хусусан дар сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хосса дорад.
Дар ин замина, шахсони имконияташон маҳдуд низ зери таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии ҳамешагии роҳбарияти давлат ва сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ қарор доранд. Чунин шахсон, бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷисмонӣ, бо дониш, рафтори намунавӣ ва ахлоқи наку дар ҷомеа ҳамчун намунаи ибрат эътироф шудаанд.
Дар маросими ботантанаи супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳ чеҳраҳое ҳузур доштанд, ки бо хислатҳои ҳамида, ахлоқи воло ва ҷаҳонбинии пандомӯз таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд. Яке аз лаҳзаҳои пурмаъно ва эҳсосбарангези ин чорабинӣ — супоридани диплом ба хатмкунандаи имконияташ маҳдуд ва тақдими он ба модари бузургвораш буд. Ин хатмкунанда бо суханони самимӣ ба Пешвои миллат, роҳбарияти Донишгоҳ ва устодонаш изҳори сипос намуд ва саҳна бо эҳсоси баланди ватандӯстиву инсонгароӣ ҳамроҳ шуд.

Лаҳзаи дигари пандомӯзи чорабинӣ – бузургии модар буд, яъне бахшидани дипломи аълочии модар ба фарзанди навзоди хеш. Ин амали рамзӣ ҳамчун амали умед, пайванди наслҳо ва идомаи роҳи илму маърифат дар чеҳраи насли нав дониста шуд.
Чунин саҳнаҳои инсонгароёна ва пурмаъно гувоҳи равшани арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқӣ, дастгирии шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус ва тавсеаи фарҳанги инсондӯстӣ дар ҷомеаи мо мебошанд.